Дар Сингапур мулоқоти сарварони ду соҳили халиҷи Тайван доир мегардад
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бо тавофуқи ҷонибайн 7 ноябр дар Сингапур мулоқоти сарварони ду соҳили халиҷи Тайван — Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ва роҳбари Тайван Ма Интсзю баргузор мегардад, хабар медиҳад Синхуа.
Ҷонибҳо аз рӯи масоили рушди сулҳомези равобити миёни ҳар ду соҳили халиҷи Тайван табодули афкор менамоянд.
Си Ҷинпин ва Ма Интсзю ба ҳайси сарварони ду соҳили халиҷи Тайван дар мулоқоти пешорӯ иштирок менамоянд. Ҳар ду ҷониб дар ин бора тавофуқ кардаанд. Ин қадами амалиест мутобиқи принсипи як Чин дар шароите, ки ихтилофоти сиёсии миёни ду соҳили халиҷи Тайван ҳанӯз ҳал нашудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






