Дар вилояти Қундуз 14 нафар ҷангиёни «Толибон» кушта шуданд
Душанбе, 03.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди вилояти Қундузи Афғонистон 14 нафар ҷангиёни «Толибон» кушта шуданд.
Амалиёти поккорӣ дар яке аз шаҳракҳои вулусволии Дашти Арча, ки дар он ҷо сатҳи баланди фаъолнокии қувваҳои зиддиҳукуматӣ мушоҳида мешавад, сурат гирифт. Мақсади асосии амалиёт иборат аз нест кардани паноҳгоҳҳои толибон буд.
Тавре ки Агентии иттилоотии «Синхуа» зимни истинод ба волии вулусволии зикршуда Насруддин Саъдӣ хабар медиҳад, иҷрокунандаи вазифаи ҳукумати соярави маҳаллӣ Муллошақиб аз ҷумлаи ҷангиёни кушташуда мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






