Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Душанбе, 10. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 1 то 8-уми ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Олимпиадаи VII-уми байналмилалии мактаббачагон ва донишҷўён аз фанни табиӣ-риёзӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони 8 давлати дунё ширкат варзиданд.
Дар олимпиада ҷумҳурии моро 11 хонандаи литсей-интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе- Ёрзода Фотима (хонандаи синфи 6, аз фанни биология, ҷойи 1), Гулов Баракатулло (хонандаи синфи 10, аз фанни химия, ҷойи 1), Ёрзода Зуҳро (хонандаи синфи 6, аз фанни биология, ҷойи 2), Муҳаммадиқболи Усмон (хонандаи синфи 8, аз фанни география, ҷойи 2), Ориён Ҷонмаҳмадов (хонандаи синфи 10, аз фанни география, ҷойи 2), Неъматова Азиза (хонандаи синфи 7, аз фанни санъати тасвирӣ (рассомӣ), ҷойи 1), Қурбонова Комила (хонандаи синфи 6, аз фанни санъати тасвирӣ (рассомӣ), ҷойи 2) муаррифӣ намуда, дар умум соҳиби 4 медали тилло ва 5 медали нуқра гардиданд.
Дастовардҳои навбатии хонандагони тоҷик далели онанд, ки донишомӯзии хонандагони Тоҷикистон ба сӯи донишҳои ҷаҳонӣ рушд ёфта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо марказҳои дастгирии истеъдодҳо фаъолияти самарабахшро ба хотири дарёфти соҳибистеъдодҳо ва фатҳи қуллаҳои илму дониш ба роҳ мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 30 октябр то 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Патум Тании давлати Шоҳигарии Тайланд 12-умин Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ ва илмӣ барои наврасон баргузор гардид, ки дар он хонандагони 20 кишвар ширкат варзиданд.
Дар ин олимпиада Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 хонандаи синфи 7-и гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» ва хонандагони синфи 7-и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ- Баҳром Саидошуров ва Муҳаммадшариф Исмоилов (ҷойи 3) муаррифӣ намуда, дар умум соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.
То имрўз хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 медал тилло, 31 медал нуқра ва 66 медал биринҷӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






