Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2015 дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро баргузор менамояд. Ин ҳамоиши илмӣ дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» ҷаласаи умумӣ ва ҷаласаҳои бахшҳои якум ва дуюм ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷаласаи умумӣ илова ба суханрониҳои ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, инчунин муаррифии 5 гузориши илмӣ ба тартиби зайл дар назар аст:
«Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ» — Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
«Хатари ба ном «Давлати исломӣ» барои идеологияи миллӣ» — Худобердӣ Холиқназаров, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
«Ҷанбаҳои таърихии илоҳиёти сиёсии салафият ва мушкилоти идеологии равандҳои миллатсозӣ дар олами муосири ислом» — Муродулло Давлатзода, раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
«Низоъҳои динию мазҳабӣ: сабаб, вазъ ва роҳҳои ҳалли он» — Абдунабӣ Сатторзода, мудири Шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
«Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар адабиёт» — Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Баъди нисфирӯзӣ кори конфронси илмӣ дар ду бахш идома мепазирад. Бахши якум «Ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқӣ-сиёсии муносибати миллат ва дин» ва бахши дуюм «Таносуби унсурҳои миллӣ ва динӣ дар ҳаёти ҷомеа» номгузорӣ шудааст. Дар маҷмӯъ баррасии 15 гузориши илмӣ аз ҷониби олимону коршиносони вазорату кумитаҳо, ниҳодҳои илмӣ ва макотиби олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои илмии ин бахшҳо ба нақша гирифта шудааст. Изҳори бовар кардан мумкин аст, ки баргузории ин чорабинии илмӣ-амалӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа барои таҳия намудани хулосаву пешниҳодҳои муфид ба Ҳукумати ҶТ барои пешгирӣ намудани равандҳои номатлуб дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвар, баҳои дуруст додан ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, дурӣ ҷустан аз иштирок дар низоъҳои динию мазҳабӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






