ДМИТ: «Мо ба дарду ғуссаи Шумо шарикем!»
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабари амалҳои террористӣ дар шаҳри Париж тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ғамгин гардонид. Дар ҳақиқат, ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани садҳо одамони бегуноҳ дар вақти истироҳат як амалест берун аз ақли инсонӣ. Имрӯзҳо мардуми Фаронса дар ҳолати мотам қарор доранд. Тамоми олам бо онҳо ҳамраъй ва ҳамдил ҳастанд. Мо низ, аҳли устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаро аз сидқи дил маҳкум карда, ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса баён мекунем ва ба эшон гуфтанӣ ҳастем, ки «мо бо шумоем ва ба дарду ғаматон шарикем».
Ин ҷинояти даҳшатнокро созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба ӯҳда гирифта, террористон онро «Интиқоми ҳодисаҳои Сурия ва 11-уми сенябри Фаронса» номиданд. Ин созмон бори дигар исбот кард, ки он созмони зиддиинсонӣ аст ва барои он ҷони инсон қадре надорад. Чунин амал ҳисси нафрати тамоми оламиёнро нисбати ин созмони террористӣ боз ҳам зиёд кард. Ин ҳодиса аз тамоми оламиён талаб мекунад, ки муборизаро бо ин созмони зиддиинсонӣ ҷоннок кунанд.
Имрӯз терроризм ба яке аз масъалаҳои глобалии олам табдил ёфтааст. Он тамоми оламиёнро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар гӯшаву канори олам садҳо одамон қурбони ин амалҳои номатлуб мегарданд. Амалҳои рухдодаро ба ӯҳда гирифтани созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» оламиёнро ба ҳайрат наовард. Зеро ин созмон садҳо амалиёти террористиро содир кардааст ва ҳазорон одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






