Фан Сянжун: Тоҷикистон барои Чин кишвари дӯст ва шарики стратегӣ боқӣ мемонад

Ноябрь 17, 2015 08:50

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).-«Мо имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти бисёр гарму самимӣ анҷом додем. Барои ман мояи ифтихор аст, ки ин вазифаи пурмасъулиятро ба ман бовар карданд. Фикр мекунам, ки тайи ин солҳо барои рушди муносиботи ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ман бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ва бо Ҳукумати ҶТ бисёр корҳои хубро барои мардуми ҳар ду кишвар ба сомон расонидем.   Ман ба Эмомалӣ Раҳмон иброз намудам, ки дар муносибатҳои мо якчанд  хислатҳои ба худ хос  вуҷуд доранд, ки онҳоро дар оянда низ дасгирӣ намуда, бояд идома диҳем, чунки ин хислатҳо барои густариш ва амнияти ҳар ду кишвар муҳим ва муфиданд. 
Якум, ки байни пешвоёни мо муносибати бисёр наздик ва бародарона барқарор шудааст.  Дуюм, бовари мутақобилаи сиёсӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи баланд қарор дорад. Ман ба ҷаноби Президент гуфтам, ки Чин ва Тоҷикистон ҳамеша ҳамдигарро устуворона дастгирӣ менамоянд, махсусан дар масъалаҳои калидӣ ва муҳиме, ки  ба истиқлолияти мо дахл доранд.  Ман фикр мекунам масъалаҳои калидӣ барои ҳифз ва истиқлолияти ҳар ду кишвар муҳимманд. Сеюм, ин ҳамкории сатҳи баланд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад. Байни кишварҳои мо солҳои охир лоиҳаҳои бисёре амалӣ шудаанд, ки аз ҷиҳати стратегӣ барои густариши иқтисоду иҷтимоиёти Тоҷикистон муҳим мебошанд. Чорум, ин ҳамкории сатҳи баланд дар бахши амният мебошад.  Дар назди давлатҳои мо- ҳам барои Чин ва ҳам барои Тоҷикистон масъалаи бисёр мушкил ва вазнин-ҳифзи амнияти давлату минтақа қарор дорад. Чин ва Тоҷикистон имрӯз шарики стратегӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ,Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Чин яке аз ҳамсояҳои наздик, дӯст ва бародар ба ҳисоб меравад. Мо дар якҷоягӣ бисёр корҳоро ба сомон расонида метавонем. Сардори давлати Тоҷикистон маро бовар кунонд, ки Тоҷикистон барои Чин кишвари дӯст ва шарики стратегӣ боқӣ мемонад ва ваъда дод, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар оянда низ кӯшиш мекунанд ҳамаи иқтидори мавҷударо истифода баранд», -баён дошт сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун дар назди хабарнигорон. 
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун зикр кард, ки баъди ду рӯз аз кишвари зебоманзари Тоҷикистон ба ватани худ бармегардад ва ваъда дод, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.

Ноябрь 17, 2015 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст