Фаронса: Пурзӯр гардидани чораҳои амниятӣ баъд аз амалҳои террористӣ
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар») -Вобаста ба амалҳои террористии дар Париж содиршуда сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ, ки бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад, ба хадамоти дахлдори Ҷопон супориш дод, ки чораҳои амниятӣ ва бехатариро тақвият диҳанд. Ҳамчунин бузургтарин ширкати сайёҳии «JTB»- Ҷопон ҳамаи сафарҳои сайёҳии мизоҷони худро ба Париж муваққатан қатъ намуд. Ширкати ҳавопаймоии «Deita»-и ИМА низ ба хотири таъмини амнияти мусофирон хатсайрҳои худро ба фурудгоҳҳои Руасси Шарл де Голл ва Орлии Фаронса то 15-уми ноябр боздошт.
Тамоми хадамоти амниятии Фаронса ва пулис ба ҳолати омодабоши доимӣ гузаронида шуданд. Мувофиқи иттилои сарпрокурори прокуратураи Париж Франсуа Моленс вобаста ба амалҳои террористии содиршуда тафтишот аз рӯи моддаҳои «куштор бо ҳадафи террор» ва «таъсиси гурӯҳи террористӣ бо мақсади ташкил кардани ҳамлаҳои террористӣ» оғоз гардиданд. Тавре ки сарпрокурори Париж хабар дод, амалҳои террористӣ аз тарафи ифротиён якбора дар шаш мавзеи Париж содир шудаанд.
Агарчӣ амалҳои террористӣ дар ҳудуди пойтахт ва музофоти атрофи он содир шудаанд, вале бо қарори ҷаласаи Шӯрои вазирон вазъи фавқулодда дар тамоми қаламрави Фаронса ҷорӣ шуд.
Чораҳои амниятӣ пас аз таркишҳои террористон дар Париж дар пойтахти Британияи Кабир — Лондон низ пурзӯр гардонида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки шоми 13-уми ноябри соли равон дар пойтахти Фаронса ва музофоти атрофи он якчанд амали террористӣ ба амал омад, ки боиси марги 158 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






