Футзалчиёни Тоҷикистону Туркманистон бозиро мусовӣ карданд

Ноябрь 16, 2015 05:04

Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  оид ба  футзал бозиро  бо  дастаи  Туркманистон  дар вохӯрии  даври  дуюми  марҳалаи   интихобии  мусобиқоти  Осиё — 2016  бо  ҳисоби  3:3  мусовӣ  кард. Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  баъди  ду  даври  мусобиқот бо 4  хол мавқеи  аввалро   касб  намудааст.  Дастаҳои  мунтахаби   Туркманистону  Қирғизистон  ду холӣ  ба  даст овардаанд. Дастаи  Афғонистон  бо  як  хол  ҷойи  оихиронро  ишғол  менамояд.  
16  ноябр  футзалчиёни  кишвар бо  дастаи  Қирғизистон  вомехӯранд.

Ноябрь 16, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш