Гаравгонҳои театри «Батаклан»: Гумон мекардем амали тирпарронӣ як қисми намоиш аст
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – Як қисми бузургтарин амали террористии дар таърихи Фаронса рух дода, дар театри «Батаклан» сурат гирифт. Дар ин ҳангом консерти гурӯҳи амрикоӣ бо номи Eagles of Death Metal ҷараён дошт. Тибқи иттилои охирин, дар ҷараёни амали террористии маргталабон 110-нафар тамошобини театри «Батаклан» қурбон шудаанд. Тавре як нафар шоҳиди аслии ин ҳодиса бо номи Нина ба хабарнигори РИА Новости изҳор доштааст: «Мо ҳамроҳи дӯстонамон барои тамошои консерт вориди театр гардидем. Дар оғоз ҳамагон гумон карданд, ки садои тир ва даҳшатангези таркишҳо як қисми намоиши консертӣ ҳаст, аммо баъди он, ки мо таваҷҷуҳ намудем, шахсони мусаллаҳ ва афроди аз тири онҳо ба ҳалокат расидаро дидем. Дарҳол мо худро ба рӯи фарш ҳавола додем ва террористон низ талаб карданд, ки аз ҷойи худ такон нахурем, вагарна ҳамаро ба ҳалокат мерасонанд. Аммо онҳо ҳар самтеро, ки мехостанд мавриди ҳадаф қарор медоданд. Дар ҳама кунҷу канори толор шумораи ҷасадҳои беҷон афзудан мегирифт. Гуфтани ин ҳарфҳо барои ман ҳоло гӯё осон менамояд, вале дар он лаҳзаҳои даҳшатбор намедонистем, ки моро чӣ интизор аст. Бештар аз ним соат мо беҳаракат рӯйи фарш истодем ва то ҷое интизори марги худ будем. Хушбахтона, ман ва дӯстонам аз дасти террористон раҳо гаштем. Моро ба ҷои амнтар бурданд ва кумаки аввалинро расониданд то ба худ биёем»- мегӯяд Нина, ҷавондухтаре, ки аз амали террористии дар театри «Батаклан» рухдода ҷон ба саломат бурдааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






