Гузашти мототсиклронон таҳти шиори “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат”
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нимаи дуюми имрӯз, 27 ноябр аз соати 13:00 то 13:30 аз майдони Сарҳадчиён то Маркази савдои “Садбарг” бо ҷалби гурӯҳи Венда гузашти мототсиклронон доир гардид. Мақсад аз баргузории гузашт бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ дар доираи баргузории маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат” мебошад. Гузашти мототсиклронон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии PDV ба роҳ монда шуд. Мототсиклронон бо овезаҳо таҳти ҳамроҳии намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз кӯчаҳои пойтахт гузаштанд. Ин иқдом ба эълон гардидани Соли оила ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023” ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки 25 ноябри соли равон дар майдони «Регистон»-и бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҳуқуқии «Сарчашма» таҳти унвони «16 рӯз бар зидди хушунат» иқдом доир гардид.
Дар он занони фаъол ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории иқдом- ин мубориза бар зидди зӯроварӣ буда, занону духтаронро ба донистан ва ҳимояи ҳуқуқҳои хеш водор мекунад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






