Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба давлат ҷарима месупоранд
Қӯрғонтеппа, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ки бандҳои шартномаи бо донишкадаи олӣ бастаашонро риоя накардаанд, маблағи барои таҳсил аз буҷети давлат сарфшударо бармегардонанд.
Тавре ки ректори донишкадаи олӣ Маҳмад Шодиев хабар дод, соли 2011 нисбат ба 19 нафар хатмкунандагон дар бораи риоя накардани талаботи шартномаи байни донишкадаи олӣ ва донишҷӯён даъвономаҳо ба суд пешниҳод шуда, нисбат ба қонуншиканон ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда буд.
Соли 2014 маблағи умумии ҷарима 236 ҳазору 129 сомониро ташкил дод. Ҳамаи хатмкунандагоне, ки маблағҳои ҷаримаро пардохтаанд, бандҳои шартномаро инкор намуда, бо роҳхати донишкадаи олӣ ба кор ҳозир нашуданд.
Мувофиқи ҳисобот, имсол аз ҷумлаи 265 нафар хатмкунандагони донишкадаи олӣ фақат 210 нафарашон бо роҳхати донишгоҳ ба кор шурӯъ намуданд. Ҳоло сабабҳои ба кор набаромадани онҳо маълум карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки маблағи ҷаримаро суд таъйин карда ва он ба хазинаи давлат баргардонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






