Хатнасури хайриявии 945 кӯдак аз оилаҳои эҳтиёҷманд
Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар давоми нӯҳмоҳаи соли равон хатнасури хайриявии 945 кӯдак аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат, инчунин тӯи домодию арӯсии 18 ҷуфт навхонадорон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуд.
Дар ин бора аз Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими милии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд. Зикр гардид, ки тӯйҳои дастаҷамъӣ дар арафа ва рӯзҳои таҷлили идҳои Наврӯз, Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иди шарифи Рамазону Қурбон ва ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






