Хуҷанд: Дар зимистон 100 ҳазор дона гулҳои ороишӣ шинонида мешаванд
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони муассисаи сабзазоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба шинондани гулҳои ба сармо тобовар машғуланд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки кормандони ин муассиса барои сари вақт таъмин намудани гулу буттаҳои орошӣ дар фасли баҳори соли оянда ба чидану захира намудани тухмии гулҳои ороишӣ шурӯъ намуданд.
Кормандони муассисаи сабзазоркунии шаҳр ба шинондани гулҳои орошии зимистонаи навъҳои «Гулкарам», «Хрезантема» ва «Нагатки» идома дода, ният доранд дар давоми моҳи равон шаҳрро бо беш аз 100 ҳазор гулҳои ба сармо тобовар оро диҳанд.
То кунун дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи ба номи Султон Умарӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил «Гулкарам» шинонида шудааст.
Зимнан, соли равон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Соли гулҳо эълон гардидаву дар доираи он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои баланд бардоштани ҳисси зебопарастии аҳолӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






