Хуҷанд: Кӯдакистони №29 боз 90 кӯдакро қабул менамояд
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Аз соли 1997 инҷониб бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани се бинои кӯдакистони №29-и шаҳри Хуҷанд ин муассиса барои фаъолияти пурра имконият надошт.
Бо 320 ҳазор сомонӣ маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ширкати сохтмонии «Авитсена» қисми дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи бинои кӯдакистонро аз таъмири куллии босифат баровард.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, то имрӯз кӯдакистон 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифта, баробари таъмир гаштани қисми бинои кӯдакистон имкони қабули боз 90 кӯдак пайдо гардид.
Ҳамзамон биноҳои таъмиргашта бо ашёҳои таълиму фароғат ва кати хоб таъмин гашта, барои машғулияту фароғати тифлон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






