“Хуҷандатлас” азм дорад шӯҳрати атласи Хуҷандро эҳё намояд
Хуҷанд, 26.11.2015. (АМИТ “Ховар”).- Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ҷомеаи меҳнатии коргоҳи “Хуҷандатлас” азм доранд шуҳрати атласи Хуҷандро аз нав боло бардоранд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев хабар дод, дирӯз бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъ ва фаъолияти имрӯзаи коргоҳи «Хуҷандатлас» раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини корхонаи коркарди пиллаи «ВЕТТОҶ» аз коргоҳи «Хуҷандатлас» дидан кард.
Ҳоло дар корхонаи «Хуҷандатлас» бинобар маҳдудияти ашёи хом- абрешим теъдоди маҳдуди кормандон фаъолият доранд.
Новобаста ба ин, то имрӯз маҳз бо кӯшиши роҳбарияти корхона истеҳсоли беш аз 30 намуди атласи машҳури Хуҷанд имкон дошта, барои таҳияи нақшу намудҳои нави атлас корҳо идома доранд.
Дар коргоҳи мазкур беҳтарин кормандону ҳунармандони атласбарорӣ, аз қабили «Абрбандон», «Қаткушоён», «Йормачиён» ва бофандагон ба кор ҷалб шуда, бо дастони моҳири онон сатҳу сифати атласи хуҷандӣ беҳтар мегардад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ раиси шаҳри Хуҷанд бо мутасаддиёни соҳа ҷаласаи корӣ доир намуд. Зимни машварати корӣ шаҳрдор таъкид намуд, ки имрӯз барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои «Хуҷандатлас» ва «ВЕТТОҶ» таъмини саривақтии онҳо бо ашёи хом, таҳияи дурнамои муштарак, тарғиби атласи ватанӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарғиботӣ бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари харидорон ва ҳаводорони матои атлас тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода баргузории фестивал-озмуни беҳтарин тарроҳон ва дӯзандагони либоси миллиро бо истифодаи матои атласи истеҳсоли Хуҷанд мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда, барои ташкили мағозаҳои махсуси фурӯши матои атласи Хуҷанд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа дастур дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






