Иқтисодиёт ва дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ифтитоҳии конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Иқтисодиёт ва дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Матлуба Хоҷаева, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм гуфт, ки: «Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти кишвар ба раванди босуботи рушду тараққӣ ворид гардид. Ин самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа бо ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба такомул ёфта, марҳалаи эҳёи иқтисоди миллӣ фаро расид. Дар ин замина мутахассисони соҳа бо истиқболи барномаҳои ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ талош варзиданд, ки ба яке аз ҳадафҳои бузург, ки он «Истиқлолияти иқтисодӣ» унвон дорад, шарафёб шаванд».
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд оид ба тавлид, интиқол ва истифодаи самараноки энергияи барқӣ ва роҳҳои дарёфти энергияи алтернативӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, ҳамзамон аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат дар ин самт маълумот дод.
Дар конфронс маърӯзаҳои илмии олимон вобаста ба мавзӯи мазкур шунида шуданд.
Конфронс ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






