Ҷилои Парчами давлатӣ дар Қурғонтеппа

Ноябрь 24, 2015 09:00

Қурғонтеппа, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз  дар  маркази маъмурии  вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа  бахшида  ба  Рӯзи Парчами давлатӣ  чорабиниҳои идона  бо иштироки  ҷавонон ва намояндагони идораву  корхонаҳои вилоятиву  шаҳрӣ  баргузор  гардиданд.  Раиси  вилояти Хатлон  Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода зикр  кард,  ки  ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон Рўзи Парчами миллиро ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил менамоянд. 
Зикр гардид,  ки  сулҳу  оромӣ бо саъю  кӯшиши  беандозаи Рохбари давлат  Эмомалӣ Раҳмон  ба  даст омадаанд  ва ҳар  яки мо  бояд  имрӯз  барои ватани азизамон  хизмати софодилона  кунем.
Дар чорабинии  идона  аҳли ҳунари вилоят барномаи ҳунарӣ пешниҳод карданд.  
Чорабиниҳои идона  бахшида  ба  Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  тамоми  шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегарданд.

 

Ноябрь 24, 2015 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад