Ҷилои се ранги Парчами миллӣ дар «Наврӯзгоҳ»
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Шоми имрӯз маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба макони зебои чароғон табдил ёфта, дар он асосан се ранг-сурх, сафед ва сабз бо тамоми ҷило равшанӣ доданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки Парчами миллиро “нишонаи нангу номус ва адолату осоиш» унвон карда, аз гуфтаи ниёгонамон панд овард, ки: «парафшонии парчам ба сарбаландии ҳар як фард баробар аст» ва пояи баланди онро “рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон” маънӣ дод, дар майдон намоиши мусиқӣ оғоз гардид.
Варзишгарони мамлакат, ки либосашон баргирифта аз рангҳои парчами давлатии мост, Парчами миллиамонро бо тамоми шаҳомат нишон доданд. Тамошобинон аз нишемангоҳҳо бо парчамафшониҳо онҳоро дастгирӣ ва руҳбаланд сохтанд. Дар майдон асосан сурудҳо дар васфи Парчам, Ватан, Модар ва дигар арзишҳои бо онҳо баробар садо доданд.
Шилликандозии рангоранг аз тӯпхонаҳо дар осмони болои шаҳри Душанбе ба фазои идонаи бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон шукӯҳи хоса бахшид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






