Инъикоси сафари Ҷон Керрӣ ба Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Пас аз сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту музокираҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯзи охир ин сафар ва мулоқоти дипломати амрикоӣ сархатти ахбори расонаҳои хориҷӣ гардидааст.
Таваҷҷуҳи аксари ин расонаҳоро нуктаи асосии ин мулоқот, ки Ҷон Керрӣ бо рўзноманигорон анҷом дод, ба худ ҷалб намудааст. Бахусус кумаки Амрико ба Тоҷикистон барои амнияти сарҳад бо Афғонистон, ки дарозии он беш аз 1300 километр аст, раҳо намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳамчунин кумак ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти энергетикӣ таваҷҷуҳи рӯзноманигоронро ҷалб кардааст.
Дар ин радиф беш аз 150 сомонаи хабарӣ, расмӣ ва ғайрирасмӣ бо забонҳои гуногун аз сафари Ҷон Керрӣ ба Тоҷикистон ва натиҷаи мулоқоту музокираҳои ў бо ниҳодҳои Тоҷикистон гузориш додаанд.
Дар ин расонаҳо аслан муҳтавои суханронии Керрӣ бо рўзноманигорон дар хусуси кумаки Амрико дар масъалаи коммуникатсия ва энергетика ба шаклҳои гуногун дарҷ гардидааст, вале дар масъалаи таъмини амният қариб ки тамоми сарлавҳаҳои хабарӣ таҳти унвонҳои вобаста ба амният дар марз бо Афғонистон мебошанд.
Дар расонаи http://www.news-alwaled.com/uncategorized/36556.html бо унвони «Ҷон Керрӣ Тоҷикистонро паймон медиҳад, ки амнияти сарҳадаш бо Афғонистонро ИМА таъмин менамояд» хабар нашр шудааст.
Дар расонаҳои http://www.al3asma.com/78586 ва https://arabic.rt.com/ хабари дигаре бо унвони «Керрӣ» ба Душанбе: аҳд мебандем, ки шуморо ҳимоят ва аз бунбасти коммуникатсионӣ берун меорем» ба нашр расидааст.
Дар ин масъала сомонаи хабарии «Voice of America», ки навори видеоии он низ гузошта шудааст, ба ин нукта ишора мекунад.
http://www.voanews.com/media/video/kerry-reaffirms-tajikistan-security-pledge/3034800.html
Ин хабарҳо танҳо шомили сомонаҳои хабарӣ нестанд, зеро инъикоси ташрифи Ҷон Керрӣ ба Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Ютюб, Фейсбук, Твиттер ва телевизиону радиоҳои ҷаҳонӣ низ мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорону ҷаҳониён қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






