Ҷиргатол: ҷамъомади идона ба шарафи ҷашни Сарқонун

Ноябрь 4, 2015 04:23

Ҷиргатол, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ҷашни 21-умин  солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ  раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, зиёиён, донишҷӯён ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳия Умедхочаи Зоир сокинони   ноҳияро бо солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки Сарқонуни  кишвар барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули ҳар фард заминаи мустаҳкам мегузорад.
Дар ҷамъомад  прокурори ноҳия Давлатзода  Маҳмудҷон,  раиси Суди ноҳия Хидирзода Батир, намояндаи  Кумитаи минтақавии зидди маводи нашъаовар Маҳмаднаим Маризоев ва донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳия Зулфизар Тиборов дар бораи аҳамияти муҳими  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои судманд гуфтанд.

Ноябрь 4, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад