Исфара: Тамаъҷӯии табиб аз бемор
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-сола, табиби дандонпизишки маркази шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар тамаъҷӯӣ дастгир шуд. Номбурда, 17 ноябри соли равон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз бемор, сокини 26-солаи ҳамин шаҳр барои ҷарроҳии илтиҳоби устуғони ҷоғи поён 16000 рубли Федератсияи Россия талаб кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






