Иштироки 5 корхонаи коркарди мева ва сабзавоти тоҷик дар «ПродЭкспо — 2015»

Ноябрь 10, 2015 06:34

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокӣ, мавсум ба «ПродЭкспо — 2015» дар шаҳри Мински Беларус иштирок меномоянд. Ин намоишгоҳ аз 10 то 13 ноябр доир мегардад.
Дар «ПродЭкспо — 2015» ҳудуди дуввуним ҳазор корхонаву ширкати беш аз 60 кишвари Аврупову Осиё, Африқову Амрико ва Австралия ширкат меварзанд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойгир кардани лавҳаи махсуси кишвар дар ин намоишгоҳ бо кумаки молӣ ва фаннии «Барномаи рушди савдои СММ дар ҶТ» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати кишвар сурат мегирад.
Тибқи иттилои мақомоти  вилояти Суғд, дар намоишгоҳ ҶДММ «Меваи тиллоӣ»-и шаҳри Исфара, ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом, ҶСК «Абрикос»-и ноҳияи Ашт ва Кооперативи истеҳсолии  «Искич»-и Ҳисор ширкат меварзанд.

Ноябрь 10, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад