Иштироки фаъоли «Созандагони Ватан» дар чорабиниҳои ҷашнӣ
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рўзи Парчами давлатӣ имрўз билборди калонҳаҷми худро, ки дар доираи баргузории аксияи ҷавонии «Сулҳ ба ҳама» таҳия ва нашр гардида буд, дар шафати хиёбони Рўдакии пойтахт насб намуданд, ки рамзи иттиҳоду ягонагӣ ва ҷонибдории ҷавонони кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инчунин, субҳи имрўз даҳҳо аъзои фаъоли ҷавони ин ташкилот ба кўчаҳои шаҳри Душанбе баромада, варақаҳои табрикотии ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан»- ро ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд ва онҳоро бо ин рўзи фархунда табрику таҳният гуфтанд.
Дар нимаи дуюми рўз намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар роҳпаймоии ҷавонон, ки дар маркази шаҳри Душанбе доир гардид, ширкати фаъол намуда, бо парчамҳо ва шиорпартоиҳои ватандўстона ба роҳпаймоии ҷавонон хотима бахшиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






