Иштироки Р.Раҳмоналӣ дар ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ

Ноябрь 12, 2015 06:35

Душанбе, 12.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Фармондеҳи  қӯшунҳои  сарҳадии  Тоҷикистон, муовини  якуми раиси  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҷабалӣ  Раҳмоналӣ  дар  кори  иҷлосияи  74 — уми Шӯрои   фармондеҳони  қӯшунҳои  сарҳадии  ИДМ, ки  имрӯз дар  шаҳри  Остонаи  Қазоқистон оғоз ёфт, иштирок  дорад. 
Аъзои  Шӯро хавфу  хатар  ба амнияти сарҳадӣ дар  сарҳадоти  хориҷии  кишварҳои  ИДМ  дар  соли  2015 ва вазъи эҳтимолӣ  дар  соли  2016 -ро  таҳлил  менамоянд. 
Дар  иҷлосия   натоиҷи  фаъолияти  шӯро  дар  соли  2015,  аз ҷумла  иҷрои  нақшаи   чорабиниҳо  барои  татбиқи  Консепсияи  сиёсати мутобиқшудаи  давлатҳои  аъзои  ИДМ дар  бахши  сарҳадот барои  солҳои  2011 — 2015,  иҷрои  қарорҳои  Шӯрои  сарони давлатҳои  ИДМ «Дар  бораи  расонидани  ёрӣ ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои таҳкими   амнияти  сарҳад  дар  қитъаи тоҷикистонию  афғонистонии   сарҳадҳои давлатҳои  аъзои  ИДМ»  аз  28  майи  соли  2014,  ҳамчунин  роҳандозии  амалиётҳои  муштараки  махсуси  сарҳадӣ дар  соли  2015 ҷамъбаст  карда  мешавад. 
Дар  назар  аст,  ки  аъзои  Шӯро  масоили  ташкили ҳамкории   ниҳодҳои  сарҳадӣ  ва ниҳодҳои  дигар  дар  амри расонидани  ёрӣ  ҳангоми сар  задани вазъиятҳои бӯҳрономез ва  ҳалли  онҳо  дар сарҳадоти  хориҷӣ  муҳокима намуда, нақшаҳои роҳандозии  тамринҳои муштараки  ҳайатҳои фармондеҳӣ, ҳамчунин машқҳои  муштараки ҷузъу  томҳои   гурӯҳҳои   ниҳодҳои  сарҳадии  давлатҳои  аъзои ИДМ — ро  ба  манзури танзими ҳолатҳои  бӯҳроновар  дар  сарҳадот  барои  солҳои 2016 — 2020 муайян  кунанд. 
Ғайр  аз  ин,  масоили  марбут ба  фаъолияти созмони  асосии   давлатҳои  аъзои ИДМ дар амри  тарбияи кадрҳои  ҳайати   роҳбарикунанда дар  бахши сарҳадот ва  такмили  ихтисоси онҳо, роҳандозии  чорабиниҳои  асосӣ бахшида ба 25 — солагии ИДМ  ва тафтишоти  маркази  меъёрию  ҳуқуқии  ИДМ оид ба  масоили  сарҳадот ба  рӯзномаи  иҷлосия  дохил  карда  шудаанд. 

Ноябрь 12, 2015 06:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд