Иштироки С.Аслов дар мулоқоти «С5+1» дар Самарқанд
Душанбе, 02.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар шаҳри Самарқанд мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА баргузор гардид.
Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Қазоқистон Ерлан Идрисов, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Туркманистон Рашид Мередов, Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ширкат доштанд.
Зимни мулоқот перомуни дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисодиёт ва фарҳанг табодули афкор баргузор гардида, мавзӯъҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ муҳокима шуданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа Эъломияи муштараки мушорикату ҳамкории панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва ИМА қабул шуд. Иштирокдорони мулоқот таъсиси шакли нави ҳамкории «С5+1» — ро барои роҳандозии доимии сиёсии миёни вазоратҳои корҳои хориҷии шаш давлат аз рӯи масъалаҳои дорои манофеи умумӣ маъқул ёфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






