Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими гулгузорӣ дар боғи Тиргартени Берлин
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 11 ноябри соли равон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов якҷоя бо сафирони кишварҳои узви ИДМ дар маросими гулчанбаргузорӣ бахшида ба 70 — солагии ифтитоҳи маҷмааи ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ дар боғи Тиргартени шаҳри Берлин иштирок намуда, ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гулчанбар гузошт.
Маҷмааи ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ бо тасвири аввалин муҷассамаи аскари шӯравӣ дар шаҳри Берлин 70 сол пеш- 11 ноябри соли 1945 ботантана ва баргузории паради ифтихории неруҳои иттиҳод ифтитоҳ шуда буд ва он ҳамзамон оромгоҳи зиёда аз 2000 аскари сурх мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






