Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик намуд.
Президенти Тоҷикистон ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ мардум парчами кишварамонро низ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул карда, таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намуд, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Сарвари давлат дар идомаи суханонаш қайд кард, ки «Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад».
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».
Дар охир Президенти Тоҷикистон бори дигар ҳамаи ширкат кунандагони тантанаи идонаи имрӯзаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзу намуд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ оғоз ёфт.
Таҳиягарон, устодони санъат ва ҳаваскорон як барномаи мукаммали идонаро бо сурудҳо дар васфи Парчами давлатӣ омода ва пешкаши иштирокчиёни ҷашн карданд.
Ба хотири иштирок дар чорабинии фарҳангии имрӯза беш аз 16 ҳазор нафар дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷамъ омада буданд ва шукуҳу шаҳомати таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатиро тамошо карданд.
Мавриди зикр аст, ки тантанаҳои идонаи фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо шукуҳи хоса баргузор шуд. Аз ҷумла, аз субҳ дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии беш аз 40 ҳазор нафар хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун бо парчамҳо доир гардид.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






