Иштироки Тоҷикистон дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-14 ноябри соли 2015 дар меҳмонхонаи Конрад дар Қоҳира Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард. Бозори хайрияро ҳамсари вазири корҳои хориҷии Миср Сузӣ Шукрӣ дар ҳузури намояндагони Анҷумани ҳамсарони дипломатҳои осиёӣ ва шаҳрвандони кишварҳои осиёӣ дар Қоҳира кушод. Гӯшаи Тоҷикистонро намунаҳои фаровардаҳои ҳунарҳои дастӣ, ки дар байни гардишгарони хориҷӣ шуҳрати фаровон доранд, инчунин зардӯзӣ, сӯзанӣ, пироҳану либос ва шириниҳои миллӣ оро медоданд.
Дар бозори хайрия беш аз 20 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор ба ҳадафҳои хайрия сарф гардид.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






