Қисми низомии 6592-и қӯшунҳои дохилии ВКД замонавӣ гардонида мешавад
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 3 ноябри соли равон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар арафаи Рӯзи милитсия аз қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид кард.
Дар қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар намудани шароити хизматии сарбозону афсарон ва ба талаботи замона ҷавобгӯ гардонидани он корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид бомаром идома доранд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз як қисмати корҳои таъмиру навсозии қисми низомии мазкур, ки бо сифати баланд анҷом ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Р. Раҳимзода бо афсарону сарбозони қисми низомии мазкур вохӯрда, онҳоро бо фарорасии Иди касбии милитсия, ки 10 ноябр таҷлил мешавад, табрик гуфт.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани шароити хизматии афсарону сарбозони қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то онҳо дар шароити мусоид хизмати Ватан-Модарро содиқона ва сарбаландона адо намоянд.
Ҳоло корҳои ободонию созандагӣ дар қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ идома доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






