Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфт
Душанбе. 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Соҳаи саноати ангишт ҳамчун воситаи энергетикӣ ба ҷои гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ талаботи иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин менамояд ва суръати истеҳсолот дар саноат ва муассисаҳои соҳаи энергетика ба он вобастагии зич пайдо кардаасту он имрўз дар рушди хоҷагии халқи мамлакат мавқеи муҳимро соҳиб шудааст.
Дар айни замон зиёда аз 200 корхонаи соҳаҳои саноат, марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои хоҷагиҳои коммуналӣ ба ҷои гази табиӣ ва сўзишвориҳои моеъ ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ аз байн бурд.
Аз ин ҷиҳат корхонаҳои соҳа дар назди Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат масъулиятро бештар дарк намуда, дар арафаи ҷашни 21 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи ангиштро ба 885 ҳазор тонна расониданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 183 ҳазор тонна ва нисбат ба ҷамъбасти соли 2014 10 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт 782 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, талаботи муассисаҳои буҷавӣ дар соли ҷорӣ пурра таъмин шуд.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳо то 3 ноябри соли 2015 194 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳоло истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 3000-4500 тоннаро ташкил медиҳад. Муштариён метавонанд ангиштро аз нуқтаҳои махсуси фурӯш ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт дастрас намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






