Истихроҷи ангишти ватанӣ ба зиёда аз 912 ҳазор тонна расонида шуд
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Соҳаи саноати ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад ва дар маҷмўъ иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ аз рушди устувори он вобастагӣ дорад. Аз ин рў, дар нақшаи стратегии рушди ҷумҳурӣ ба соҳаи саноати ангишт аҳамияти муҳим дода шудааст.
Мавҷудияти ашёи хом ва захираҳои бойи кашфгардидаи ангишт барои истифодаи васеи ангишт дар соҳаҳои саноат ва энергетика шароит фароҳам овард. Имрўз 208 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ кам намуд.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 10 ноябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 912 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 197 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 835 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор муассисаҳои буҷавӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 51 ҳазору 288 тонна ангишт захира намудаанд, ки 101,8 фоизи талаботи онҳоро ташкил медиҳад.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то 10 ноябр 170 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 2500-4100 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харид намоянд.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






