Изҳороти роҳбарони G20: ҷомеаи ҷаҳон аз ҳар шакли терроризм қавитар аст
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Кишварҳои «бистгона» тайёранд, ки бо ҳар зуҳуроти терроризм мубориза баранд. Канслери ҶФО Ангела Меркел дар ҳамоиши G20 дар шаҳри Белеки Туркия дар ин бора изҳорот дод, хабар медиҳад ТАСС.
«Мо дар ҳамоиши ин ҷо қотеъона хабар медиҳем, ки аз ҳар гуна шакли терроризм қавитарем», — гуфт мавсуф. Меркел ҳамчунин даъват намуд, ки амалиётҳои террористӣ дар Париж мавриди тафтишот қарор дода, онҳое, ки ин кирдорҳоро содир намудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
«Мо бояд ин корро, пеш аз ҳама, ба хотири ҳалокшудагон ва хешовандони онҳо анҷом диҳем. Мо бояд ин корро барои амнияти худ ва ба хотири бисёр гурезаҳои бегуноҳ, ки аз ҷангу терроризм рӯ ба гурез овардаанд, анҷом диҳем», — афзуд канслер. Мавсуф зикр намуд, ки сабабҳои асосии ба Аврупо рӯ овардани муҳоҷирон зӯроварии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ва ҷанг дар Сурияю Ироқ аст.
«Ҳамаи мо медонем, ки вақт интизор намешавад. G20 Бояд амал карда, ба миллионҳо нафар гурезаҳо умед бахшанд», — гуфт Меркел. Канслер бори дигар талаб намуд, ки барои тақсими одилонаи муҳоҷирон дар дохили Иттиҳоди Аврупо, пешрафт дар масъалаи ҳифзи сарҳадҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва мубориза бо интиқолдиҳандагони ғайриқонунии гурезаҳо саъю кӯшиш карда шавад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






