Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-18-уми ноябр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80- солагии зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илмии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи байналмиллалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод доир мегардад.
Дар конфронси мазкур Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ сухан мекунад. Ҳамчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар мавзӯи «Аълохон Афсаҳзод — адиби варзидаи тоҷик» ва узви вобастаи АИҶТ Мирзо Муллоаҳмадов доир ба мавзӯи «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ» маърӯза хоҳанд кард.
Адабиётшиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод соли 1935 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ дар давоми қариб чиҳил соли ҷустуҷӯ ва омӯзишу пажӯҳишҳои ҳадафманди илмӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳангу адабиёту маорифи миллӣ бештар аз 700 асару мақолаи мукаммал офарида, зиёда аз 50 олими унвондори сазовор тарбият намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






