Конститутсия шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллист
Тавилдара, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Раиси ноҳия Ҳиммати Ғайрат, фаъолони ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия зимни табрики аҳли нишаст ва сокинони ноҳия бо ин рӯзи фархунда зикр кард, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд».
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ба аҳли нишаст барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






