Конститутсия шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад
Душанбе, 05.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Директори агентӣ Сафаралӣ Наҷмудинов аҳли нишастро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта, зикр намуд, ки: « Сарқонуни мамлакат ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоиро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Дар Конститутсия зикр шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат муҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд. Аз ин рӯ Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳиссагузор буда, маблағгузории ин соҳаи муҳим ва афзалиятнокро сари вақт ва пурра таъмин менамояд».
Ҳамчунин кормандони агентӣ изҳор доштанд, ки бо ҳисси баланди масъулияти худшиносӣ ва ватандорӣ дар амалӣ намудани сиёсати оқилонаву хирадмандона ва ваҳдатсозу сулҳпарвари Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






