Кормандони гумрук воридоти ғайриқонунии сигорҳоро пешгирӣ карданд
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар толори назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти гумрукии «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон мошини тамғаи «Дулон», рақами қайди давлатиаш ТҶ 37-40 АН01, ронандааш Абдуҷаббор Саъдуллоев бо гумони дар дохили мошин доштани маводи тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронӣ аз махфигоҳи кабина ва сандуқи зери бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 500 баста, ҳамзамон аз зери халтаҳои биринҷ дар бордони мошин 600 бастаи дигар сигори тамғаи «ЕССЕ»-и истеҳсоли давлати Корея дарёфт ва мусодира шуданд.
Миқдори умумии маҳсулоти тамокугии дарёфтгардида 22 қуттӣ, 11 ҳазор қуттича ва 220 ҳазор донаро ташкил дода, Абдуҷаббор Саъдуллоев мехост маводи мазкурро бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур бо дастрасии моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Қумсангир ирсол шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






