Кумаки «Парастор» ба духтарони Тахт
Душанбе, 03.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар доираи Рӯзи занони деҳот созмони ҷамъиятии «Парастор» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва «Академияи наққошӣ» дар деҳаи Тахти ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор ҳафтаи беҳдошти вазъи занону духтаронро гузаронд. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббуси байналмилалии «17 рӯзи фаъолнокӣ бо мақсади таҳкими ҳуқуқ, имкониятҳои занони деҳот ва ҷомеаи онҳо» гузаронида шуда, ҳадафаш дастгирии занону духтарони деҳотӣ дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо арзёбӣ мегардад.
Раъно Қосимова -сарвари Созмони ҷамъиятии «Парастор» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ташкили чорабинии мазкур дар яке аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистони Ҳисор огоҳонидани ҷомеа аз ҳуқуқҳои занону бонувони деҳотист, зеро занону духтарон барои таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, манзил ва дар маҷмӯъ ба зиндагии шоиста ҳуқуқҳои баробар доранд. Мавсуф афзуд, ки дар ин деҳа бархе аз духтарон дорои маълумоти нопурраи таҳсил мебошанд. Аз ин рӯ, ба мактаби №55 -и деҳаи Тахт дар доираи ин иқдомот 50 адад мизу курсӣ, инчунин барои ба шуғли дӯзандагӣ фаро гирифтани духтарон мошинаҳои дарздӯзӣ дастрас гардида, яке аз синфхонаҳо, ки барои фанни таълими меҳнат махсус гардонида шудааст, пурра аз таъмир бароварда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






