Ливоят парфишон бодо ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдат!

Ноябрь 24, 2015 11:40

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида  ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ ҷашн гирифтани он, имрўз, 24 ноябр  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми вазир Эмин Сангинзода изҳор кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. 
Эҳтиром  гузоштан ба муқаддасоти  миллӣ,  аз ҷумла, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ноябрь 24, 2015 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд