М.Ҷабборӣ: “Сино нахустин бор сохти чашмро таҳқиқ намуда, ҷарроҳии аввалини чашмро низ маҳз ӯ гузаронидааст”

Ноябрь 26, 2015 05:45

Душанбе, 26. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Маҳз ба хотири рушди соҳаи офталмологияи тоҷик бо ҳидояти Сарвари давлат  ва бо назардошти коҳиш додани шумораи бемороне, ки барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар мерафтанд, мо тасмим гирифтем,  ки дар ҳудуди кишварамон тамоми заминаҳои заруриро барои воридоти усулҳои муосири хизматрасонии беморони чашм фароҳам оварем»,-гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода  дар якумин  анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз,  26 ноябр дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”ба кори худ оғоз кард. 
Бино ба гуфтаи вазир, дар ҳамин радиф маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 маротиба афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногун,   аз ҷумла соҳаи бемориҳои чашм  бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. 
Муовини Сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ  ҳозиринро бо якумин анҷумани офтолмологон табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар таърихи  соҳаи  тандурустии офтолмологияи Тоҷикистон ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ ин нахустин анҷуман мебошад. «Ин анҷуман аз  нақши хосаи соҳаи тандурустӣ дар сиёсати созандаву бунёдкории Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад.  Имрӯз  бо ифтихор бояд зикр намуд, ки дар дунё нахустин бор сохти чашмро Абӯали ибни Сино таҳқиқ намуда, нахустин ҷарроҳии чашмро маҳз  ӯ гузаронидааст»,- таъкид дошт М.Ҷабборӣ. 
Бояд гуфт, ки дар кори анҷуман беш аз 600  намоянда, аз ҷумла намояндагони  созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонон аз Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо, инчунин  ҳамаи мутахассисони соҳаи офталмологияи ҷумҳурӣ  иштирок доранд.
Дар ҷараёни анҷуман баррасии дастовардҳои офталмологияи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳа, роҳандозии ташхису табобати муосир ва ҷарроҳиҳои гаронарзиши чашм дар назар аст. 
Дар  анҷуман намоишгоҳи маводи доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастовардҳои асосии соҳа, адабиёти махсус ва маҳсулоти таъйиноти тиббӣ  ба маъраз гузошта шудааст. 

 

 

Ноябрь 26, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд