М. Убайдуллоев дар назди вакилони шаҳрӣ гузориш медиҳад
Душанбе, 24.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосияи чоруми шаҳрӣ, ки охири моҳи декабр дар Душанбе баргузор мегардад, як силсила масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт матраҳ гардад.
Дар назар аст, ки дар назди вакилони шаҳрӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар ёздаҳ моҳи соли равон, нақшаҳои рушд ва буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016 гузориш диҳад.
Ҳамзамон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум номи бархе аз кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт иваз шуда, тасдиқи як зумра қарорҳои раиси шаҳр дар назар аст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






