М.Юсупов: «Рафъи камбизоатӣ бидуни рушди саноат имконнопазир аст»
Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Мақсад аз фаъолияти Барномаи СПЕКА асосан иборат аз рушди ҳамкории минтақавии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки он бо василаи дастгирии кишварҳои мададгор ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи принсипи ҳамкорӣ дар амал татбиқ карда мешавад.
Ҳар кадоме аз кишварҳои аъзои СПЕКА бо дарназардошти равандҳои ҳамкории муфид ва лоиҳаҳои дахлдор дар доираи барномаи мазкур онро дар амал татбиқ намуда, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, лоиҳаҳои муайянро танзиму идора мекунад.
Намояндаи СММ оид ба рушди саноат, роҳбари созмони UNIDO дар Қирғизистон Марат Юсупов зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки мақсади асосии фаъолияти кишварҳои зикршуда иборат аз рушди устувори саноат аст.
«Имсол Маҷмааи асоосии СММ ҳуҷҷатеро таҳти унвони Мароми нави устувори рақами 9 қабул кард, ки он ба саноатикунонии сохторҳои маҳаллӣ ва навоварӣ дахл мекунад. Ин барои ҳамаи давлатҳои минтақаи СПЕКА басо муҳим аст, зеро рафъи камбизоатӣ бидуни рушди саноат имконнопазир аст. Басо шодам, ки UNIDO дар Тоҷикистон фаъолият дошта , мо лоиҳаи бахши маҳсулоти кишоварзиро дар амал татбиқ менамоем. UNIDO метавонад, ки ба таҷдиди сохторҳои маҳаллӣ, стандартизатсия, метрология ва навсозии озмоишгоҳҳое, ки ба сертификатсияи маҳсулот машғуланд, ёрӣ расонад. Мо дар ин самт таҷриба андӯхтаем. Ҳамкории UNIDO ва Тоҷикистон ояндаи умедбахш дорад. UNIDO ҳамоиши СПЕКА-ро чорабинии муҳиме барои рушду ҳамкории минбаъда мешморад. Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили хуби ин ҳамоиш изҳори сипос мекунем», — афзуд Марат Юсупов.
Ёдовар мешавем, ки 10 ноябр дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши иқтисодии СПЕКА — 2105 ва иҷлосияи 10 — уми Шӯрои роҳбарикунандаи он оғоз ёфт. Иштирокдорони иҷлосия баъди хатми он эъломияи махсус қабул карданианд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






