Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар АИ
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, зикр кард, ки Парчами миллӣ гувоҳ аз соҳибистиқлолии мамлакатамон мебошад. Парчами миллӣ муқаддасоти давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.
Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев таҳти унвони “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” ва Акмал Неъматов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он”, инчунин номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдории тоҷикон” назди ҳозирин сухан гуфта, оид ба таърихи парчамдории тоҷикон ҳамчун рамзи давлатӣ, аҳамият ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба тарзҳои истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар анҷоми ҷамъомад нотиқон иброз доштанд, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба муқаддасоти миллии худ — Парчами давлатии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд ва ба он арҷ мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






