Маориф: ҳамкорӣ вусъат меёбад
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳафтаи гузашта бо намояндагони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN) Акбар Алӣ Песнанӣ-намояндаи дипломатии AKDN дар Тоҷикистон ва Шамс Кассим Лакха-намояндаи доимии AKDN дар Қирғизистон ва ҳамзамон раиси Шўрои иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ вохӯрӣ кард. Дар нишаст масъалаҳои фаъолияти барномаҳои соҳаи маорифи AKDN, аз ҷумла рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, инчунин дар давоми ҳафта вохўрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо намояндагони ташкилоти технологии Allied Digital Services Limited-и Ҷумҳурии Ҳиндустон Натин Шоҳ ва Мину Фалититина доир гардид.
Дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир, дастгирии ҷавонони ихтироъкору лаёқатманд, табодули донишҷӯёну омўзгорон дар самти таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос, барои баргузории курсу семинар ва маърӯзаҳо даъват намудани омӯзгорон аз Ҷумҳурии Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






