Маориф: ҳамкорӣ вусъат меёбад

Ноябрь 23, 2015 08:56

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳафтаи гузашта бо намояндагони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN) Акбар Алӣ Песнанӣ-намояндаи дипломатии AKDN дар Тоҷикистон ва Шамс Кассим Лакха-намояндаи доимии AKDN дар Қирғизистон ва ҳамзамон раиси Шўрои иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ вохӯрӣ кард. Дар нишаст масъалаҳои фаъолияти барномаҳои соҳаи маорифи AKDN, аз ҷумла рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, инчунин дар давоми ҳафта вохўрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо намояндагони ташкилоти технологии Allied Digital Services Limited-и Ҷумҳурии Ҳиндустон Натин Шоҳ ва Мину Фалититина доир гардид. 
Дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир, дастгирии ҷавонони ихтироъкору лаёқатманд, табодули донишҷӯёну омўзгорон дар самти таҷрибаомӯзӣ  ва такмили ихтисос, барои баргузории курсу семинар ва маърӯзаҳо даъват намудани омӯзгорон аз Ҷумҳурии Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Ноябрь 23, 2015 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад