«Маърифати молиявӣ» — семинар барои донишҷӯёни фаъол
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ» барои донишҷӯёни фаъоли маҳфилҳои илмии донишкада семинари омӯзишӣ доир гардид.
Семинар бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷамъияти илмии донишкада, Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна ва Ташкилоти амонатии хурди қарзии «Ҳумо» доир гардида, сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов баргузории чорабиниро муҳим арзёбӣ кард.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна Матлуба Ӯлҷабоева гуфт, ки: «Анҷумани мо тасмим гирифтааст бо маҳфилҳои илмии донишкада ҳамкориро бештар созад. Мо то ин вақт бо ширкатҳои бузург ҳамкорӣ доштем. Чорабинӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии соҳибкорӣ гузаронида мешавад, ки шурӯъ аз 18 ноябр бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон оғоз мегардад».
Намояндагони ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» Ҷамшед Маҳмадиев ва Ирина Пилиева доир ба ташкилоти худ маълумот дода, донишҷӯёнро барои дар оянда ҳамкорӣ кардан бо онҳо даъват намуданд. Зикр гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилоти хурди молиявӣ барномаҳои иҷтимоӣ буда, ба дастгирии соҳибкории хурд, кишоварзӣ ва баробарии гендерӣ равона гаштааст. Ташкилот дар тамоми ҷумҳурӣ 830 корманд ва беш аз 42 ҳазор мизоҷи доимӣ дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






