Масоҳати шолизори Панҷакент васеъ мешавад

Ноябрь 13, 2015 07:33

Хуҷанд, 13.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Вақтҳои  наздиктарин  дар  ноҳияи  Панҷакенти  вилояти  Суғд масоҳати шолизор бо  истифода  аз заминҳои  корамнашуда васеъ  мегардад. Барои  ин  таҳкимкории  соҳилҳои дарёи  Зарафшон  роҳандозӣ мешавад.
Тавре  ки  дар раёсати   кишоварзии вилояти  Суғд ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  алҳол  дар  ноҳияи  Панҷакент  беш  7  намуди  шолӣ   парвариш  мешавад. Имсол  деҳқонони  ноҳия аз  ҳар  гектари  шолизор   ба  ҳисоби  миёна  беш  аз  70  сентнерӣ  ҳосил гирифтанд. 
Чанде  пеш  раиси  вилоят  Абдураҳмон  Қодирӣ ба  ноҳияи   Панҷакент  сафар  карда,  зимни  вохӯриаш бо шоликорону  деҳқонон  таваҷҷуҳи  шоликоронро  ба васеъ  намудани  масоҳати  шолизор аз  ҳисоби  таҳкимкории соҳилҳои   дарёи  Зарафшон ҷалб  намуд. Барои иҷрои  ин  вазифа  ба шахсони  масъул  дастур  дода шуд, ки корҳои  зикршударо  то  охири  моҳи  марти  соли  2016  анҷом  диҳанд. 
Дар оянда  ин ташаббус   густариш  ёфта, ҳазорҳо нафар  шоликорон  бо   киштзор таъмин  мегарданд.

Ноябрь 13, 2015 07:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад