МБГ-и Душанбе-2 ба кор оғоз кард
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 10 ноябри соли 2015 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ба кор оғоз кард. Дар ҳафтаҳои нахустини фаъолият ин марказ рўзе то 80 МВТ неруи барқ ва то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд. Маҳсулнокии он рўз то рўз афзоиш меёбад. Барои дар фасли зимистон фаъолият намудани ин иншоот 252 ҳазор тонна ангишт захира шудааст, ки ҳамаи ин миқдор аз конҳои ватанӣ кашонда шудааст.
Ба кор оғоз намудани МБГ-2 таъминоти пойтахтро, ки дар зимистон талаботи он ба барқ бамаротиб меафзояд, беҳтар намуда, инчунин зиёда аз 242 иншоот ва хонаҳои истиқоматиро бо гармӣ таъмин хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин иншоот дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъминоти беҳтару бештари аҳолӣ ва корхонаҳои саноати шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ сохта мешавад.
Бино ба иттилои сардори Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ, 10 январи соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 50 мегаватт.соат неруи барқ ба истифода дода шуд. Агрегати дуюми навбати аввал, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт.соат неруи барқ мерасад, охири соли 2014 пурра ба кор дароварда шуд. Ҳоло сохтмони навбати дуюми МБГ-2 идома дорад. Дар сохтмони навбати дуюм корҳои асосгузорӣ ба анҷом расида, санҷиш ва интиқоли таҷҳизоти калонҳаҷм оғоз ёфтаанд. Ширкати чинии ТВЕА тасмим гирифтааст, ки сохтмонро пеш аз муҳлат ба анҷом расонад. Баъди пурра ба истифода додани иншоот иқтидори он ба 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал гармӣ мерасад.
Бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ вобаста ба он, ки дар он технологияи навтарин насб шудаанд ва тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, марказ дорои се марҳилаи низоми ҳавотозакунист, ҳангоми кор кардани Маркази барқу гармӣ муҳити экологӣ зарар намебинад.
Дар дигар иншооти барқу гармии пойтахт низ имрўзҳо охирин корҳои тайёрӣ анҷом меёбанд ва онҳо ҳафтаҳои наздик ба кор сар хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






