Меҳмонхонаи «Серена» меҳмонхонаи беҳтарин дониста шуд
Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Меҳмонхонаи «Серена Душанбе» дар раддабандии Меҳмонхонаи беҳтарин» байни меҳмонхонаҳои дигари «Серена» воқеъ дар Осиёи Марказию Ҷанубӣ ғолиб шуда, бо мукофоти олии World Travel Awards сарфароз гардид.
Маросими ботантанаи мукофотдиҳӣ байни кишварҳои Осиё ва Австралия дар Ҳонконг сурат гирифт.
Тавре ки дар раёсати маркетинги шабакаи меҳмонхонаҳои «Серена» хабар доданд, мукофот ба беҳтаринҳои ширкат дар бахши сайёҳӣ ва хидматрасонӣ дар асоси овоздиҳии байни сайёҳон ва мутахассисони касбии бахши сайёҳии тамоми ҷаҳон дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шабакаи меҳмонхонаҳои «Серена» дар саросари ҷаҳон таҳти васояти хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодиёт фаъолият дошта, машҳури ҷаҳон ном гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






