“Меваи тиллоӣ”- и Исфара бо ширкати русӣ шартнома баст
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-ҶДММ “Меваи тиллоӣ”- и шаҳри Исфара дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокӣ, мавсуф ба «ПродЭкспо — 2015» дар шаҳри Мински Беларус иштирок намуда, бо ҶДММ “Товарно-сырьевая компания»-и шаҳри Санкт-Петербург шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Дар намоишгоҳ дар қатори ҶДММ «Меваи тиллоӣ»-и шаҳри Исфара, ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом, ҶСК «Абрикос»-и ноҳияи Ашт ва кооперативи истеҳсолии «Искич»-и Ҳисор низ иштирок намуда, бо ширкатҳои гуногуни ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойгир кардани лавҳаи махсуси кишвар дар ин намоишгоҳ бо кумаки молӣ ва фаннии «Барномаи рушди савдои СММ дар ҶТ» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати кишвар сурат гирифт.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2500 ширкат аз 65 давлати ҷаҳон ҳузур дошта, аз гӯшаи ширкатҳои Тоҷикистон ҳазорон нафар иштирокдорон дидан намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






