Моҳрў Ҳалимова натавонист аз Дилшод Назаров пеш гузарад

Ноябрь 24, 2015 02:50

Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдории миллӣ дониста мешавад, таҳти унвони «Беҳтарин парчамбардори Тоҷикистон дар соли 2015 кист?» миёни хонандагони сомона назарпурсӣ анҷом дод. Дар давоми ду ҳафта дар назарпурсӣ 185 нафар иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки номзадҳо ба гирифтани унвони парчамбардори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2015 панҷ варзишгар- Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Хуршед Маҷидов ва Моҳрў Ҳалимова буданд, ки ҳар яке аз ин варзишгарони бонангу номус дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо ифтихор боло бардоштаанд. Ҳамчунин таъкид мебояд кард, ки ин назарпурсӣ ва пешбарии номзадҳо шартӣ буда, ҳеҷ варзишгари дигарро набояд озурдахотир гардонад, зеро нишондиҳандаи муҳим барои ҳар як варзишгар иштирок кардан дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар чунин мусобиқаҳо мебошад. Назарпурсӣ  маъруфияти варзишгарро миёни хонандагони ВАО нишон медиҳад. 
Ҳамин тавр, аз 185 овоздиҳанда дар бахши тоҷикии сомонаи «Ховар» аз ҳама бештар Дилшод Назаров овоз гирифтааст (48%). Дар ҷойи дуввум Комроншоҳи Устопириён (29%), ҷойи сеюм Мавзуна Чориева (15 фоиз), ҷойи чорум Моҳрў Ҳалимова (5 %) ва дар ҷойи панҷум Хуршед Маҷидов қарор гирифтанд. 
Дар назарпурсии бахши русӣ 53 %-и овозро Дилшод Назаров, 21 %  Комроншоҳи Устопириён, 14 фоиз Мавзуна Чориева, 8 фоизи овозро Хуршед Маҷидов ва 4 фоизро Моҳрў Ҳалимова касб карданд. 
Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ ҳамватанони азизро табрик гуфта, дасти ҳама варзишгарони мамлакатро, ки парчамбардорони миллату давлат ҳастанд, самимона мефишорад.

 

 

 

Ноябрь 24, 2015 02:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад